Ман Ҷаҳонгиров Олимҷoн шавҳари Кимсанхон иштирокчии лоиҳаи ғизо дар агро-экосистемаи куҳистон мебошам. Аз ғаллакӯбаки Низомиддин, ки аз ноҳияи Тиҷикобод аст, ба он кас аз тарафи лоиҳа ғаллакӯбак додаанд, Ман он ғаллакӯбакро дида ҳавасманд шуда бо ҳамроҳии писарам, ки челонгари моҳир аст, бо дастони худ ғаллакӯбак сохтем. Умедворем, ки дар оянда дигар иштирокчиён ҳам аз мо ҳавасманд шуда, ғаллакӯбаки худро месозанд